Бастани шартнома
Пешниҳод барои мизоҷон
Самти афзалиятноки фаъолияти ширкати мо — расонидани фаврӣ аст. Мо ба мизоҷон рӯйхати васеи хизматрасониҳоро пешниҳод мекунем ва мутахассисони мо омодаанд ҳар дархости расониданро иҷро кунанд. Мизоҷи «Почтаи Аср» шавед ва аз бартариҳои хизмати ташкили интиқолҳои тиҷоратии байналмилалӣ истифода баред.
Барои мизоҷи «Почтаи Аср» шудан бояд бо ширкати мо шартнома бандед ва ба кабинети шахсӣ дастрасӣ пайдо кунед. Дар кабинети шахсӣ дархостҳоро барои расонидани фаврӣ ба ҳар кишвари ҷаҳон онлайн расмӣ кардан мумкин аст. Ҳамин тавр шумо аз як қатор ташвишҳо халос шуда, ба корҳои воқеан муҳими тиҷорати худ диққат медиҳед.
Ҳар мизоҷи «Почтаи Аср» соҳиби инҳо мегардад:
- имконияти истифодаи хизматрасониҳои махсуси ширкат
- назорати онлайни расонидани бор
- тахфифҳо ва пешниҳодҳои махсус барои хизматрасониҳои нақлиётию логистикӣ
- маълумот дар бораи ҳолати суратҳисоб
Барои дархости бастани шартнома инҳо лозиманд: шахси тамос, шаҳр, номи ширкат, суроғаи ҳуқуқӣ, e-mail, телефон ва РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда).
Занги бозгашт
Дар вақти корӣ занг мезанем ва ба саволҳо ҷавоб медиҳем.